- Корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ -

БОЯД АЗ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ ЭМИН БОШЕМ!
Таҳти унвони "Бояд аз амалҳои коррупсионӣ эмин бошем!" дар толори маҷлисии Раёсати маорифи вилояти Хатлон вохӯрии иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо иштироки кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф ва илми вилоят Муҳиддин Ширинзода, директорони марказҳои соҳаи маориф ва мудирони шуъбаву бахшҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо баргузор карда шуд.
Дар рафти вохӯрӣ намояндагони Агентии мазкур баромад карда, вобаста ба хатари амалҳои коррупсионӣ, эмин мондан аз чунин амалҳо ва ҳамкории зич намудан бо Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон табодули афкор намуданд.
Сипас, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода низ дар мавзӯи номбурда изҳори назар карда, аз озмунҳои иншои озоде, ки дар мавзӯи "Эмин мондан аз амалҳои коррупсионӣ" эълон гардида буданд, ёдовар гардид.
Таъкид карда шуд, ки коррупсия дар рушду пешрафти давлату миллат зарари калон мерасонад. Аз ин лиҳоз, бояд тамоми табақаҳои ҷомеа дар робита ба ин масъала бетараф набуда, ҷиҳати пешгирии амалҳои коррупсионӣ мусоидат намоянд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло