- Амалишавии дастурамали Вазорати маориф ва илм -

СЕМИНАР, ОЗМОИШ ВА ОМӮЗИШ
Дар минтақаҳои Кӯлоб ва Бохтар вилояти Хатлон семинар ва озмоиши низоми баҳогузории 10 - хола ва меъёрҳои арзёбии дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шуд.
Дар семинарҳои номбурда намояндагони Вазорати маориф ва илм, роҳбарияти Раёсати маорифи вилояти Хатлон, намояндагони шарикони рушд, намояндагони шуъбаҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ иштирок доштанд.
Дар рафти семинар сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода изҳор намуд, ки бо мақсади татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим ва ба роҳ мондани баҳогузории бисёрхола тибқи талаботи "Дастурамали меъёрҳои баҳодиҳӣ ба дониш, малака ва маҳорати хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон" дар 140 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ баҳогузории 10 - хола ба роҳ монда шудааст, ки қисме аз муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон мебошанд.
Дар қисмати дигар аз рӯйи барнома семинар ва омӯзиш гузаронида шуд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло