- Рӯзи раёсати маориф -

Дар ноҳияи Хуросон Рӯзи раёсати маориф ташкил карда шуд, ки давоми чанд рӯз аз тарафи мутахассисони соҳаи маориф ба кормандони шуъбаи маориф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ кӯмакҳои гуногуни ҳуҷҷатию методӣ расонида шуд.
Санаи 20-уми январ дар толори маҷлисии шуъбаи маорифи ноҳияи мазкур бо иштироки муовини сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сарфароз Ёқубзода, мудири шуъбаи иқтисод ва захираҳои кадрии раёсати маориф Фатҳиддин Каримов, мудир ва мутахассисони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон ҷамъбасти Рӯзи раёсати маориф баргузор гардид.
Дар баргузории Рӯзи раёсати маориф ҷиҳати иҷрои барномаҳои давлатӣ ва ҳуҷҷатгузории муассисаи таълимӣ, инчунин ба омӯзгорон кӯмакҳои методӣ аз тарафи мутахассисони раёсати маориф расонида шуда, баҳри ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдошта тавсияҳо доданд.
Ҳадафи ташкили Рӯзи раёсати маориф рушди соҳа ва ислоҳи камбудию норасоиҳо, ҳамзамон мусоидат дар беҳтар шудани сифати таҳсилот мебошад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло