- Иҷрои дастури Пешвои миллат -

НАТИҶАГИРӢ АЗ ДОХИЛШАВӢ БА МАКОТИБИ ОЛӢ ТАРИҚИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТӢ
Дар муассисаи таълимии рақами 10-и ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ ҷамъомад баҳри иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба дохилшавии хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ баргузор карда шуд.
Дар ҷамъомад сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, муовини раиси ноҳия Қурбоналӣ Қурбонзода, кормандони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, раисони кумитаи падару модарон ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Ғазалшоҳ Сафарзода ҳамаи муассисаҳои таълимии ноҳияро оид ба дохилшавии хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ ва омодагии имсола барои бақайдгирии довталабон таҳлил намуд.
Таъкид карда шуд, ки шумораи зиёди дохилшавандагон тариқи Маркази миллии тестӣ натиҷаи ҳамкории зичи муассисаи таълимӣ бо Кумитаи падару модарон мебошад. Бо падару модарон ва хатмкунандагон бояд корҳои фаҳмондадиҳӣ ба роҳ монда шуда, онҳоро бо тартиби бақайдгирӣ ва иштирок дар имтиҳоноти Маркази миллии тестӣ шинос кардан зарур мебошад. Маркази миллии тестӣ имконияти мусоид барои довталабон мебошад.
Барои беҳтар кардани раванди фаъолият ба кормандони соҳаи маориф ва дигар масъулин супориш дода шуд.
Чунин вохӯрию ҷамъомадҳо дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ идома дорад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло