- Идомаи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ -

ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ ВА ДАВОМОТ ДАР ДАРСҲО
Гурӯҳи корӣ бо роҳбарии сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода фаъолияти худро дар муассисаи таълимии рақами 6-и ноҳияи Кӯшониён идома дода, аз вазъи таълиму тарбия, интизоми меҳнати кормандон, давомоти хонандагон дидан карданд.
Гурӯҳи корӣ вобаста ба масъалаҳои сару либоси ягонаи мактабӣ, интихоби касб ва омодагии хатмкунандагон ба Маркази миллии тестӣ, бо омодагӣ дар дарс иштирок кардани омӯзгорон, ҳолати рӯзномаву китобдорӣ, таъминоти пурра бо ҷиҳози хониш ва дигар масъалаҳои таълиму тарбия бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, барои беҳтар кардани раванди корӣ дастуру маслиҳатҳо доданд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи кории мазкур дар асоси дастури раиси вилояти Хатлон ва вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба баланд бардоштани сифати таҳсилот ташкил гардида, дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо фаъолияти худро идома медиҳад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло