- Идомаи фаъолияти гурӯҳҳои корӣ -

Бохтар. НАЗОРАТИ ТАЪЛИМИ ХОНАНДАГОН
Гурӯҳи кории Раёсати маорифи вилояти Хатлон фаъолияти худро оид ба назорати раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии шаҳри Бохтар идома дод. Хусусан, гурӯҳи корӣ аз муассисаи таълимии рақами 15 дидан карда, бо омӯзгорону толибилмон сӯҳбат оростанд.
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи кории мазкур барои иҷрои дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири маориф ва илми кишвар, раиси вилояти Хатлон баҳри мусоидат дар баланд бардоштани сифати таҳсилот ва беҳтар кардани раванди таълиму тарбия ташкил карда шудааст.
Масъалаҳои саривақт ба дарс ҳозир шудани толибилмон, давомот, китобдорӣ, сару либоси ягонаи мактабӣ ва рӯзномадориро гурӯҳи корӣ дар рафти фаъолият мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, барои беҳтар намудани раванди корӣ ба масъулин супориш ва маслиҳатҳо дода мешавад.
Фаъолияти гурӯҳи корӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо идома дорад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло