- Ба ифтихори "Рӯзи модар" -

БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ ВА СИТОИШИ МОДАР
Ба ҳамаи бонувоне, ки дар чорабинии бошукӯҳ бахшида ба "Рӯзи модар" иштирок доштанд, туҳфаҳои хотиравӣ аз тарафи раёсати маориф тақдим карда шуд.
Туҳфаҳоро бо гулдаста сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, намояндаи Вазорати маориф ва илм Шарофиддин Аслиддинзода ва раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм Муҳиддин Ширинзода дастрас карданд.
Ба ҳамаи бонувони соҳаи маориф барои саҳми арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва пешрафти соҳаи маориф изҳори сипос намуда, ба онҳо салотию умри дароз ва хушбахтист доимиро таманно карданд.
Дар қисмати дигари чорабинии идона барномаи фарҳангӣ тақдим гардид,ки аз сурудҳо дар ситоиши Модар иборат буданд.
Ҳамзамон, қироати мисраъҳои шеърӣ, тарона ва суханони баландмазмун дар васфи бузурги зан - модар аз тарафи санъаткорон ва иштирокдорони чорабинӣ пешкаш карда шуд.
Ҳамаи бонувони соҳаи маорифро, ки дар чорабинӣ ширкат доштанд, шодию нишот фарогир буд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло