- Ба ифтихори 24 солагии таъсисёбии Созмони хонандагон -

Ҷ. Балхӣ. ЧОРАБИНИИ БОШУКӮҲ ВА ҚАБУЛ БА САФИ СОЗМОНИ ХОНАНДАГОН
Имрӯз, дар ноҳияи ба номи Ҷалолиддини Балхӣ чорабинии бошукӯҳ ба муносибати 24 солагии таъсисёбии Созмони хонандагони муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, кормандони муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ, омӯзгорону хонандагон ва волидони толибилмон иштирок доштанд.
Садо додани суруди миллӣ, ба саҳна ворид гардидани Парчами Созмони хонандагон, ба сафи Созмон қабул шудану қасам ёд кардани аъзоён, бастани нишони сарисинагӣ ва гарданбанд ба аъзоёни навқабулшуда ва дигар тартиби чорабинӣ дар сатҳи баланд гузаронида шуд.
Сардори раёсати маориф сухан карда, ҳамагонро ба ин муносибат шодбош гуфт.
Мавсуф ёдовар гардид, ки Созмони хонандагон бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асоси Конститутсия, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи маориф", "Дар бораи таҳсилоти иловагӣ", "Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак", "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", "Консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва барномаҳои давлатӣ ташкил карда шудааст.
Таъкид гардид, ки Созмони хонандагон кӯдакону наврасонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, муносибати бошуурона ба меҳнат ва моликияти ҷамъиятӣ, эҳтиром ба таърих, расму оинҳои миллӣ тарбия карда, ҳуқуқи онҳоро ҳимоя менамояд.
Дар қисмати дигари чорабинӣ барномаи фарҳангии кӯдакону наврасон пешкаш карда шуд, ки мавзӯи ватандӯстиро дар бар дошт.
Дар охир чанде аз фаъолони Созмони хонандагони муассисаҳои таълимӣ мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло