ШИНОСОӢ БО ФАЪОЛИЯТИ МАРКАЗИ МАҲОРАТИ ПЕДАГОГӢ

Ҳайати гуруҳи кории Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумла, ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф н.и.ҳ. Мирзозода Наврӯз ва директорони филиалҳо бо фаъолияти Мактаби маҳорати педагогии Мактабҳои зеҳнии Назарбоев (Остонаи Қазоқистон) шинос гардиданд.
Дар рафти шиносоӣ роҳбарияти Мактаби маҳорати педагогӣ доир ба фаъолияти таълимӣ ва илмиву методии муассиса маълумоти муфассал бо рӯйнамо пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки айни замон муассиса аз рӯи 280 барномаҳои таълимӣ курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро ба роҳ мондааст. Муассиса дорои шароитҳои муосири таълимӣ буда, раванди ташкил ва баргузории курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон пурра бо системаи рақамӣ ба роҳ мондааст. Намояндагони Тоҷикистон ба сатҳи касбияти омӯзгорони Маркази маҳорати педагогии Мактабҳои зеҳнии Назарбоев, инчунин самаранокии технологияҳои таълимии истифодашуда шинос гардида, табодули таҷриба намуданд. Мубодилаи таҷриба ва ғояҳо байни ду кишвар ба рушди равишҳои инноватсионӣ дар соҳаи маориф мусоидат мекунад, ки бешубҳа ба раванди таълим дар ҳарду кишвар манфиат меорад.
Дар охир тарафайн барои идомаи ҳамкорӣ ва рушди муносибатҳои шарикӣ дар соҳаи маориф аз ҷумла дар бахши такмили ихтисоси омӯзгорон изҳори назар намуданд.

 




 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло