ДАР НОҲИЯИ НОСИРИ ХУСРАВ ДАВРИ МАКТАБИИ ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ..." ДОИР ШУД!

Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақамӣ №26-и ноҳияи Носири Хусрав даври якуми озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" гузаронида шуд.
Дар рафти баргузории озмунро намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Маърифат Ғуломзода, муовини раиси ноҳияи Носири Хусрав Азимзода Машҳура ва дигар шахсони масъул иштирок намуд.
Дар он намояндаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон Маърифат Ғуломзода баромад намуда, изҳор дошт, ки ҳадафи асосии баргузории озмун, баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои суханвар ва сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳиву худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавии насли наврас мебошад.
Гуфта шуд, ки тӯли панҷ сол мешавад, ки озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" баргузор гашта истодааст.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло