- Мо - омӯзгорон рисолати созандагӣ дорем -

АКСИЯ ДАР РАЁСАТИ МАОРИФ
Аксияи "Мо - омӯзгорон рисолати созандагӣ дорем!" бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон ташкил гардида, то таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳру ноҳияҳо бо иштироки кормандони соҳаи маориф, омӯзгорон ва волидони толибилмон баргузор карда мешавад.
Хусусан дар рӯзҳои истироҳатӣ ҳар ҳафта бо доираи васеъи иштирокчиён гузаронида хоҳад шуд. Ин аст, ки дар раёсати маориф низ ҳашари умумӣ доир карда шуд, ки саҳни бино, замини наздиидоравӣ тозаву озода гардида, гулҳои мавсимӣ ва ороишӣ шинонида шуданд. Инчунин, бехи ниҳолҳои мевадиҳандаву сояафканро нарм намуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳашарҳои умумӣ бо иштироки кормандони соҳаи маориф дар шаҳру ноҳияҳо ҳар ҳафта гузаронида шуда, ҳудуди бинои шуъбаву бахшҳои маориф ва муассисаҳои таълимӣ тозаву озода гардида, корҳои ободонию зебогардонӣ ба роҳ монда мешавад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло