- Ҳамкории муштарак -

МУЛОҚОТИ СУДМАНДИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚ ВА СОҲАИ МАОРИФ
Имрӯз, дар театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар мулоқоти роҳбарияти Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва сардори раёсати маорифи вилояти Хатлон бо кормандони соҳаи маориф, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, директорҳои муассисаҳои таълимӣ ва намояндагони бахши ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур дар барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо фаъолони ҷомеа ва ходимони дин баён гардиданд, ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкорӣ бо табақаҳои гуногуни ҷомеа, саҳм гузоштан дар баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ шаҳрвандон, пешгирӣ аз шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, решакан намудани ҷинояткорӣ байни ноболиғону ҷавонон, махсусан хонандагони муассисаҳои таълимӣ, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ, ҳамчунин дар амал татбиқ намудани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода ва
сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон сухан карда, оид ба ҳамкории муштараки Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон табодули афкор намуданд.
Таъкид гардид, ки вобаста ба масъалаҳои пешгирии наврасон аз амалҳои номатлуб, ҷинояту ҷинояткорӣ, амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд", баланд бардоштани муҳаббати ватандӯстии насли наврас кормандони корҳои дохилӣ ва мутахассисони масъули соҳаи маориф дар шаҳру ноҳия ва муассисаҳои таълимӣ корбарӣ карда истодаанд. Ҳамзамон, ҷаласа ва вохӯриҳои судманд бо падару модарон, омӯзгорон ва хонандагон гузаронида мешавад, ки бетаъсир нестанд.
Дар мулоқот барои мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷойдошта таклифу пешниҳодҳо гардида, чанде аз омӯзгорон ва фаъолони соҳаи маориф баромад карданд.
Гуфта шуд, ки пеши роҳи амалҳои номатлуби насли наврасро маҳз дар заминаи ҳамкории муштараку дастаҷамъона гирифта метавонем. Бояд аҳли ҷомеа дар дастаҷамъӣ барои тарбияи дурусти насли наврас камари ҳиммат баста, кӯшиш намоем.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло