Ҷ. Балхӣ. ЧОРАБИНӢ БА ИФТИХОРИ БУЗУРГДОШТИ СОҲИБ ТАБАРОВ

Дар толори маҷлисии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 10 - и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бахшида ба таҷлили 100 солагии олим, мунаққид , адабиётшиноси маъруфи тоҷик ва Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон Соҳиб Шуҳратиевич Табаров чорабинӣ баргузор гардид.
Дар он директори Маркази таълимию методии Раёсати маорифи вилояти Хатлон Сафармуҳаммад Алимардонов, собиқ аъзои маҳфили "Нақди адабӣ",ки солҳои 70-80 уми қарни 20 бо ташаббус ва ибтикори Соҳиб Табаров дар Донишкадаи педагогӣ ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис ёфта буд, баромад намуда, лаҳзаҳои хотирмонро ёдовар шуд.
Сипас, омӯзгорони забон ва адабиёти тоҷик аз фаъолияти пурсамари мавсуф ёдовар шуданд.
Толибилмони муассисаи таълимӣ бо қироати мисраъҳои шеърӣ ва иҷрои сурудҳо ба чорабинӣ таровати хоса зам намуданд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло