- Фестивали байналмилалӣ -

ИСТИҚБОЛИ САТҲИ БАЛАНДИ ТОҶИКОНА
Имрӯз, дар театри давлатии мусиқӣ - мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар якумин фестивали намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон - 2024 баргузор гардид.
Дар фестивали мазкур муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Муассисаи давлатии "Маркази барномаҳои байналмилалӣ" ва намояндагони макотиби олии хориҷи кишвар ширкат доштанд.
Намояндагони 14 давлати дунё ва 40 макотиби олии хориҷи кишварро бо ба ҷо овардани анъана ва урфу одати тоҷикона гарму самимӣ бо нону намак ва суруду мусиқӣ дар саҳни театр истиқбол гирифтанд. Аз пешвози сатҳи баланд меҳмонон шоду масрур гашта, сипосу аҳсан гуфтанд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло