- Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст -

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ВА ОМОДАГӢ БА ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Семинари машваратӣ оид ба омодагӣ ба даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва омода намудани ҳуҷҷатҳои довталабони даври ноҳиявӣ дар муассисаи таҳсилоти иловагии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронида шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи пешбинигардида омодагӣ барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ идома дорад.
Довталабон бо истифода аз шароити мусоид дар китобхонаҳо таёрӣ дида истодаанд.
Лозим ба қайд аст,ки давоми чанд соли охир довталабон аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар сатҳи ҷумҳурӣ Шоҳҷоиза ва дигар ҷойҳои намоёнро ишғол кардаанд, ки ин аз омодагию масъулияти баланди довталабону масъулин дарак медиҳад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло