ТАШАББУСИ ШОИСТА

Дар дастгирии ташаббуси сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон аз тарафи ниҳодҳои поёни ин мақомот тадбирҳои судбахш амалӣ карда мешаванд.
Чунин як тадбири муҳим баррасии натиҷаҳои фаъолияти муштараки кормандони милитсия бо иштирокдорони раванди таълиму тарбия дар ҷаласаи васеъи муштарак ,ки дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии #10 ноҳияи Ҷ.Балхӣ доир гардид ,мансуб дониста мешавад.
Сардори шуъбаи корҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ муҳтарам Нурализода Суҳроб Ғулом оид ба дастурҳои сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлонро ҷиҳати ҳамкориҳо ва фаъолиятҳои муштарак ибрози ақида намуданд.
Кормандони соҳаи маориф аз дастури сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ҷиҳати кумак расонидан ба омӯзгорон ,падару модарон дар тарбияи насли наврас изҳори қаноатмандӣ намуданд.Андеша ва пешниҳодҳои иштирокдорони раванди таълиму тарбия аз тарафи Муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ майори милитсия Абдуллозода А.Ш.,Муовини сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ Аббосзода Ф.И,Сардори ШКҶ ШВКД подполковники милитсия Достизода,Сардори ШОПҲНҶ ШВКД майори милитсия Садирзода Б.Н.
Студияи суди ноҳия Усмонзода Б.ҷонибдорӣ ёфта ,барои ҳамкориҳои судманд пазируфта шуданд.
Итминон бар он аст,ки ин вохуриҳо дар пешгирии қонунвайронкуниҳои аҳли ҷомеа ва ҳуқуқвайронкуниҳои насли наврас натиҷаҳои судманде ба миён меорад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло