- Иҷрои дастури Пешвои миллат -

Кӯлоб. ҶАМЪОМАД ОИД БА ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ НОМАТЛУБ
Дар шаҳри Кӯлоб ҷамъомад оид ба иҷроиши дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии амалҳои номатлуб ва гаравидан ба гурӯҳҳои ифротӣ, эълон гардидани соли 2024 "Соли маърифати ҳуқуқӣ", амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» доир карда шуд.
Дар ҷамъомад сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон, мудирони шуъбаҳои маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб иштирок доштанд.
Ёдовар мешавем, ки чунин мулоқот дар минтақаи Бохтар низ баргузор карда шуд.
Ҷамъомад ва вохӯриҳои фаҳмондадиҳӣ дар ҳамкорӣ бо Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо мақсади беҳтар кардани ҳамкории ҷомеа бо милитсия ва пешгирӣ кардани ҷинояту ҷинояткорӣ, амалҳои номатлуб ба роҳ монда шудааст.
Сипас, иштирокдорони дигар низ вобаста ба мавзӯи ҷамъомад баромад намуданд. Таъкид гардид, ки пеши роҳи амалҳои номатлуб ва ҷинояту ҷинояткорӣ танҳо дар дастаҷамъӣ гирифта мешавад. Аз ин лиҳоз, ҳамагонро зарур аст, ки бо дарки баланди масъулияти шаҳрвандӣ дар ин росто бетарафиро ихтиёр накарда, бо мақомоти корҳои дохила ҳамкории зичро ба роҳ монанд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло