ХАТЛОН: ДАВРИ ҶАМЪБАСТИИ ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ “ОИЛАИ МАСЪУЛИЯТШИНОС”

Санаи 13-уми майи соли равон бо ибтикори Раёсати маорифи вилояти Хатлон ва Маркази таҳсилоти иловагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар толори филиали Донишкадаи баёналмиллалии саёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаҳри Левакант ба ифтихори Рӯзи байналмилалии оила даври ҷамъбастии Озмуни вилоятии “Оилаи масъулиятшинос” дори шуд.
Дар он сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулозода, муовини раиси шаҳри Левакант Шоҳиён Саъдулло, Сардори Раёсати агенти назорат дар соҳаи маориф Ғафозода Нуриддин, директори Маркази таҳсилоти иловагии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Ғуломзода Маърифат, раиси иттифоқи касба дар маориф Шарифзода Исроил ва ҳамчунин дигар меҳмонон фаъолона иштирок доштанд.
Нахуст меҳмонон аз намоиши дастовардҳои фарзандони оилаҳои масъулиятшинос боздид ба амал оварда ба дастандаркорони он хело баҳои баланд доданд.
Ҳаминтавр идомаи даври ҷамъбастии Озмуни вилоятии “Оилаи масъулиятшинос” дар толори филиали Донишкадаи баёналмиллалии саёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сурат гирифт.
Саравал, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Зиёдулло Абдулозода дар назди ҳозирин баромад намуда иброз аз он дошт, ки
Падару модарон бояд аз рӯзи таваллуди фарзандашон ба таълиму тарбияи ӯ диққати ҷиддӣ диҳанд, барои дуруст ба камол расидани ӯ шароит фароҳам оваранд, асбобу ашёи таълимиашро таъмин намоянд ва завқи ӯро барои интихоби дурусти касб бедор созанд, иброз доштанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Гуфта шуд, ки мақсади бунёди оила ба вуҷуд овардани насли солим ва тарбияи он мебошад. Тарбия ва ба воя расонидани фарзанд қарзи муҳим ва вазифаи масъули падару модар дар назди ҷомеа, миллату Ватан ва умуман, инсоният мебошад. Дар Конститутсияи ҷумҳурии мо сабт шудааст, ки: «Падару модарон барои тарбияи фарзандон масъуланд». Тарбияи фарзанд вазифаи муҳими волидон мебошад. Одобу ахлоқи нек, инсонпарварӣ, меҳнатдӯстӣ, хоксорӣ, ватандӯстӣ, хислатҳои беҳтарини инсонианд, ки фарзандон инро дар оила аз волидон меомӯзанд. Барои оиларо мустаҳкам ва хушбахт кардан падару модар аз илму ҳунар бояд воқиф бошанд.
Дар вазияти хотирмон аз ҷониби сардори Раёсати маорифи вилоят ва дигар меҳмонон ба ғолибони даври ҷамъбастии Озмуни вилоятии “Оилаи масъулиятшинос” сипосномаву туҳфаҳои хотирави тақдим карда шуд.
Дар охири чорабини барномаи фарҳангии омода намудаи аҳли ҳунари театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонов-и шаҳри Бохтар, ки фарогир аз рақсу суруд таронаҳои фораму дилнишини ватандусти ва порчаҳои саҳнаҳои ҳаҷвии оилаву оиладориро инъкос гар буд пешниҳоди аҳли толор карда шуд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло