БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ ДАСТУРДИҲИ АЗ ҶОНИБИ МАРКАЗИ ТИК-И ВИЛОЯТИ ХАТЛОН ДАР НОҲИЯИ ВАХШ

Дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақша-чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, Раёсати маорифи вилоят ва Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №56 ва Муассисаи давлатии “Мактаб-интернат барои кӯдакони ятим ва бепарастор”-и ноҳияи Вахш семинари- дастурдиҳӣ оид ба истифодабарии дурусти саҳифаҳои иҷтимоӣ аз тарафи хонандагони муассисаҳои таълимӣ доир карда шуд.
Маврид ба зикри хос аст, ки семинари мазкур аз ҷониби Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бори аввал ташкилу роҳандозӣ гардид.Таъкид гардид, ки семинари мазкур ин пешгирии шомилшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои фаъолияташон мамнуъ ҷиҳати дуруст истифодабарии саҳифаҳои иҷтимоӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ маънидод карда шуд.
Дар семинари- дастурдиҳӣ намояндагони шуъбаи маориф, роҳбарони синф, падарону модарон, хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия фаъолона иштирок намуданд.
Бахтовар Бобоев муовини директори Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилоят тавасути видиопроектор аз барномаҳои намоиши ва ҳамчунин дигар факту далелҳои муътамаду ҷолиб атрофи истифодаи дурусти саҳифаҳои иҷтимоӣ баромад намуд.
Иштирокунандагони ин тадбири муҳим ба таъсисдиҳандагони семинари муфид изҳори сипосу миннадори намуданд.
Ҳамингуна семинари - дастурдиҳӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои муштарак аз ҷониби мутахассисони Маркази технологияи информатсионӣ ва коммуникатсияи вилоят дар дигар шаҳру навоҳии вилоят доир хоҳад гашт.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло