ҶАЛАСАИ ОНЛАЙНӢ ВА ВАЗИФАГУЗОРИИ МАСЪУЛОН

  Санаи 14-уми январи соли 2025 ҷаласаи онлайнии сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон баргузор гардид. Дар ҷаласаи онлайнӣ сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода, кормандони раёсати маориф, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф, директорҳои муассисаҳои таълимию томактабӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.


Нахуст, сардори раёсати маориф муҳтарам Зиёдулло Абдулзода дар ҷаласаи онлайнӣ оид ба иҷрои супоришҳои раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлаталӣ Саид аз маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии вилоят ёдовар гардид.


Дар рафти ҷаласа ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, гарм нигоҳ доштани синфхонаҳо дар фасли зимистон, иштироки хонандагон дар озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ, ташкили Марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ ва бештар намудани фарогирии кӯдакону наврасон ба таҳсилоти томактабӣ, таъминоти пурраи толибилмон бо китобҳои дарсӣ, фаъол намудани китобхонаҳои наздимуассисавӣ, дар сатҳи баланд ба роҳ мондани мутолиаи китобҳои бадеӣ аз тарафи омӯзгорон ва хонандагони муассисаҳои таълимӣ ба ифтихори соли 2025 "Соли фарҳанги китобхонӣ" изҳори назар карда шуд.


Ҳамзамон, сардори раёсати маориф барои беҳтар намудани вазъи таълиму тарбия, назорати дохилитаълимгоҳӣ, коргузорӣ ва фаъолияти маҳфилҳои беруназсинфӣ масъулонро вазифагузорӣ намуданд.


Таъкид карда шуд,ки кормандони соҳаи маориф бояд бо истифода аз шароиту имкониятҳои мавҷуда бар ивази ғамхорию дастгириҳои Роҳбари давлат вазифаву уҳдадориҳои худро ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо ва ҷалби хурду бузурги вилояти Хатлон ба китобхонӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ иҷро намоянд.


Хадамоти матбуоти

Раёсати маорифи вилояти Хатлон


 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло