ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФ ДАР МУШОВАРАИ НАВБАТӢ

   Санаи 2-юми январи соли 2025 мушовараи навбатии Раёсати маорифи вилояти Хатлон ба таври онлайнӣ баргузор гардид. Дар мушовара сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода, кормандони раёсати маориф, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.


Нахуст, сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маҷлиси Олии мамлакат мисолҳо оварда, ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, омода намудани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ фикру мулоҳизарониҳо намуда, оид ба ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат ёдовар шуданд. Қайд карда шуд, ки 30 фоиз зиёд гардидани маоши кормандони соҳа ин ғамхорӣ дар ҳаққи кормандони соҳаи маориф ба ҳисоб меравад,ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо мо бояд фаъолияти бошууронаву мақсадноки худро боз ҳам бештар намоем.


Дар рафти мушовараи навбатии соҳаи маорифи вилояти Хатлон дар хусуси вазъи таълиму тарбия, назорати дохилитаълимгоҳӣ, сатҳу сифати таҳсилот ва натиҷагирӣ аз он оид ба ҳамаи фанҳои таълимӣ, коргузорӣ, фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ дар шаҳри Бохтар ва ҳисоботи мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Ховалинг оид ба қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон аз 25 декабри соли 2020, №110 «Дар бораи тасдиқ намудани Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025» баромад карданд.


Баъдан, дар хусуси пешниҳод намудани ҳисоботҳои шакли омории МТТ-1 ва МТТ-2 дар муассисаҳои томактабии вилояти Хатлон, ҷараёни амалигардонии қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №785 «Дар бораи Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳру ноҳияҳои Норак, Фархор, Шаҳритус, Носири Хусрав, Қубодиён, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Ёвон ва рафти амалигардонии нақшаи чорабиниҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон вобаста ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» аз 30 декабри соли 2023 ҳисобот дода шуд.


Дар ин раванд, масъалаҳои ҳолати амалигардонии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти иловагӣ” дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Муъминобод, Ховалинг, Балҷувон, инчунин, фаъолияти шуъбаҳои маориф, марказҳои дарёфт ва рушди истеъдодҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Данғара, Восеъ, Ҳамадонӣ ҷиҳати иҷрои нақшаи чорабиниҳои раёсати маорифи вилояти Хатлон аз 21 январи соли 2020 “Бистсолаи омȳзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” (солҳои 2020-2040) дар самти баргузории озмунҳои гуногуни мактабӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ аз фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, вобаста ба иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2011, № 643 “Дар бораи Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва дар ин замина санҷиши фаъолияти марказҳо, вазъи таълими фанни технологияи информатсионӣ, ҳолати синфхонаҳои компютерии мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет мавриди таҳлилу омӯзиш қарор дода шуданд.


Ҳамзамон, нақшаи кории Раёсати маорифи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон барои нимсолаи якуми соли 2025 тасдиқ гардид.


Дар қисмати охири мушовара сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода баҳри иҷрои дастурҳои раиси вилояти Хатлон ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ислоҳи камбудию норасоиҳои ҷойдоштаи соҳа масъулинро вазифадор намуданд.


Хадамоти матбуоти

Раёсати маорифи вилояти Хатлон

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло