- Семинари омӯзишӣ -

ОМӮЗИШИ ПРИНСИПҲОИ ИСТИФОДАИ СОМОНА ВА ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ
Барои кормандони шуъбаи маориф ва роҳбарони муассисаҳои таълимии ноҳияи Хуросон бо ташаббуси Раёсати маорифи вилояти Хатлон семинари омӯзишӣ оид ба азхудкунии принсипҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва сомона баргузор гардид.
Семинари мазкур аз тарафи мутахассисони Хадамоти матбуотии Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо фарогирии беш аз 60 нафар гузаронида шуд.
Дар рафти семинар шакли дурусти тарғиби фаъолияти соҳа, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ, эмин будан аз хатарҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, гузоштани матн ва расм, пешниҳоди вокуниш ва дигар самтҳои истифодаи сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ омӯзиш доир карда шуд.
Ҳадаф аз ташкили семинар баланд бардоштани донишу фаҳмиш ва корбарии мутахассисони соҳаи маориф аз сомона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, инчунин дар заминаи иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳукумати электронӣ" ва барномаҳо роҷеъ ба истифодаи сомонаҳои ташкилоту муассисаҳо мебошад.
Дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон семинарҳои мазкур идома хоҳад ёфт.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло