НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ҚАДРДОНИИ ОНҲО

Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар майдони “Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар чорабинии бошукуҳ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Абдусаломзода Анзурат ва дигар масъулон, ҷавонони фаъоли ҳамаи соҳаҳо баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилоят ҳамаи ҷавононро аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид табрик гуфта, барору муваффақият таманно кард.
Сипас, як қ атор ҷавонони фаъол бо туҳфа ва Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, директори Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон Акмал Нурализода, сармутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон Маъруф Абдуллозода, ва чанде дигарон аз соҳаи маориф бо мукофот сарфароз гардонида шуданд.
Ёдовар мешавад, ки дар соҳаи маориф ҷавонони зиёде фаълият намуда, дар рушду пешрафти кишвар ва таълиму тарбияи насли наврас саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло