ОЗМУНИ ВИЛОЯТИИ ҲАРБӢ - ВАТАНДӮСТИИ "ВАТАНПАРВАР"

Даври вилоятии озмуни ҳарбӣ - ватандӯстии "Ватанпарвар" баргузор гардид, ки дар он муовини раиси вилояти Хатлон Анзурат Абдусаломзода, сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода ва намояндагони дигар сохторҳои марбута, инчунин гурӯҳҳои хонандагон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок доштанд.
Дар озмун аз рӯйи талабот ва шартҳо гурӯҳҳои ғолибони шаҳру ноҳияҳо ҳунару маҳорат ва дониши худро санҷиданд.
Яке аз ҳадафҳои асосии баргузор намудани озмуни мазкур мусоидат дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии насли наврас ва омода кардани ҷавонписарон ба хизмати ҳарбӣ мебошад.
Муовини раиси вилояти Хатлон ва дигар масъулон оид ба ҳадаф, Тартиби баргузорӣ ва ғолибияти гурӯҳҳои хонандагон табодули афкор намуданд.
Сипас, дастаҳои ғолиб муайян гардида, бо мукофот ва Ифтихорнома дар чорабинии бошукӯҳ ба ифтихори Рӯзи Артиши миллӣ қадрдонӣ карда шуданд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло