Кӯшониён. РӮЗИ РАЁСАТИ МАОРИФ ВА ТАҲЛИЛИ ВАЗЪИ ФАЪОЛИЯТИ СОҲА ДАР САТҲИ МАҲАЛ

Ёдовар мешавем,ки дар ноҳияи Кӯшониён бо мақсади расонидани кӯмакҳои методӣ, таҳлилу омӯзиши фаъолияти соҳаи маориф, ошкор ва бартараф намудани камбудию норасоиҳо Рӯзи раёсати маорифи вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Лозим ба таъкид аст, ки Рӯзи Раёсати маорифи вилояти Хатлон дар доираи Амри раиси вилояти Хатлон дар асоси усули маҳалла ба маҳалла , мактаб ба мактаб доир гардид. Ҳафтаи равон мутахассисони раёсати маориф дар шуъба ва муассисаҳои таълимӣ бо мақсади расонидани кӯмакҳои методӣ, муайян ва бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти шуъба ва муассисаҳои таълимӣ аз рафти таълиму тарбия дидан намуданд. Сипас, зимни доир гардидани Рӯзи раёсати маориф ҳамаи масъалаҳо мавриди таҳлил ва вазифагузорӣ қарор доданд.
Сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода баромад намуда, дар хусуси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сифати таҳсилот, инчунин супоришҳои вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидзода Раҳим оид ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ байни муассисаҳои таълимӣ ва падару модарони толибилмон барои беҳтар карлани таълиму тарбияи хонандагон ва ҳадафи ташкили Рӯзи раёсати маорифи вилояти Хатлон ва вазъи фаъолияти соҳаи маориф дар ноҳияи Кӯшониён изҳори андеша кард. Ҳамзамон, дар хусуси иҷрои дастуру супоришҳои раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 "Соли фарҳанги китобхонӣ" ва ҷалби бештари наврасон ба мутолиаи китобҳои бадеӣ, сифати таҳсилот, таъмини муассисаҳои таълимӣ бо кадрҳои омӯзгорӣ, дастрас шудани китобҳои дарсӣ ба хонандагон, ҳолати рӯзномадорӣ, иҷрои барномаҳои соҳавӣ, иштирок дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, амалишавии низоми 10 хола дар муассисаҳои таълимӣ ва дигар самтҳои муҳими соҳаи маориф сухан намуданд.
Ҳамзамон, дигар мутахассисони раёсати маориф дар бораи самтҳои вобасташуда таҳлил гузаронида, натиҷагирӣ карданд. Аз вазъи ҳозираи соҳаи маориф дар сатҳи маҳал мутахассисони соҳаи маориф ҳисобот доданд.
Дар охир ҷаласаро сардори раёсати маориф Зиёдулло Абдулзода натиҷагирӣ карда, аз вазъи таълиму тарбия, сатҳи иштироки хонандагон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ, дохилшавии хатмкунандагон тариқи Маркази миллии тестӣ изҳори назар намуда, ба масъулин ҷиҳати рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сипас, муовини раиси ноҳия ба сухан баромада, оид ба натиҷаи кори комиссияи Раёсати маорифи вилояти Хатлон фикру мулоҳизаронӣ намуда, ваъда доданд,ки дар якҷоягӣ бо шуъбаи маориф ҷиҳати ҳарчи зудтар бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта чораҳои дахлдор меандешанд.