Балҷувон. ҶАМЪБАСТ ВА НАТИҶАГИРИИ РӮЗИ РАЁСАТИ МАОРИФ

Дар ноҳияи Балҷувон "Рӯзи раёсати маориф" баргузор гардида, натиҷагирӣ карда шуд.
Дар ҷамъбасти "Рӯзи раёсати маориф" муовини сардори раёсат Ёқубзода Сарфароз, муовини раиси ноҳияи мазкур Қодирзода Абдуғаффор, кормандони шуъбаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва дигар масъулон ширкат доштанд.
Дар рафти баргузории "Рӯзи раёсати маориф" кормандони Раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба масъалаҳои сифати таҳсилот, таъминот бо китобу ҷиҳози хониш, таъмин бо омӯзгорони касбӣ, иҷроиши барномаҳои давлатӣ ва дигар самтҳои таълиму тарбия ба мутахассисони соҳаи маориф, омӯзгорон кумак расониданд. Ҳамзамон, вазъи имрӯзаи корбарӣ дар самтҳои болозикр мавриди таҳлилу натиҷагирӣ қарор дода шуданд.
Барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ва расидан ба натиҷаҳои назаррас ба масъулин дастуру маслиҳатҳо дода шуд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло