МУЛОҚОТ ОИД БА ПЕШГИРИИ АМАЛҲОИ КОРРУПСИОНӢ

Дар толори маҷлисии Раёсати маорифи вилояти Хатлон мулоқоти кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон бо кормандони сохаи маориф баргузор гардид.
Ҳадаф аз ташкили баргузории вохӯрӣ ба роҳ мондани фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии амалҳои номатлуби коррупсионӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории зич бо Агентӣ мебошад.
Намояндагони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон вобаста ба мавзӯи мазкур баромад карда, мафҳуми коррупсия ва натиҷаи амали коррупсиониро шарҳ доданд.
Гуфта шуд, ки коррупсия дар шароити муосир аз мушкилоти дохилӣ ба проблемаи байналмилалӣ мубаддал гардидааст. Ин зуҳуроти номатлуб дар таҳқиқи худ нишон дод, ки решаҳои амиқи таърихӣ дорад ва баробари ташаккулёбии давлатҳо ба вуҷуд омада, зуҳур намудааст. Аз ин лиҳоз, бояд кӯшиш намоем, ки дар якҷоягӣ онро решакан намоем.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло