- Мушовараи раёсати маориф -

ТАҲЛИЛУ НАТИҶАГИРӢ АЗ ФАЪОЛИЯТИ СОҲАИ МАОРИФ
Дар толори раёсати маорифи вилояти Хатлон мушовараи соҳаи маориф доир карда шуд, ки дар он сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, директорҳои марказҳои зертобеи соҳаи маориф, мудирони бахшу шуъбаҳои маориф ва дигар масъулон ширкат карданд.
Дар мушовара вазъи таълиму тарбия, назорати дохилитаълимгоҳӣ, сатҳи сифати таҳсилот ва натиҷагирӣ аз он оид ба ҳамаи фанҳои таълимӣ дар шуъбаи маориф ва муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Балҷувон ва Панҷ , инчунин тартиби коргузорӣ, ҳуҷҷатгузорӣ ва рафти баргузории машғулиятҳо дар доираи риояи ҷадвали тасдиқгардида, реҷаи рӯз тибқи барномаи “Рангинкамон”, фарогирии кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар шаҳру ноҳияҳои Левакант, Кӯлоб, Вахш ва Данғара мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамзамон, дар бораи иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба “Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва санҷиши фаъолияти марказҳои технологияи информатсионӣ ва коммуникатсия, вазъи синфхонаҳои компютерӣ ва пайвастшавии онҳо ба шабакаи интернет дар муассисаҳои таълимии ноҳияҳои Ҷалоллидини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Носири Хусрав баромад карда шуд.
Дар рафти мушовара тахтаи электронӣ ва видиопроектор бо аксу маълумотҳо истифода гардида, ҷавобгӯ ба талаботи муосир доир гардид.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло