НАМОИШИ ДАСТОВАРДҲОИ ҶАВОНОНИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ҚАДРДОНИИ ОНҲО
Ба ифтихори Рӯзи ҷавонон дар майдони “Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар шаҳри Бохтар чорабинии бошукуҳ бо иштироки муовини раиси вилояти Хатлон муҳтарам Абдусаломзода Анзурат ва дигар масъулон, ҷавонони фаъоли ҳамаи соҳаҳо баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини раиси вилоят ҳамаи ҷавононро аз номи раиси вилояти Хатлон муҳтарам Давлатали Саид табрик гуфта, барору муваффақият таманно кард.
Сипас, як қ атор ҷавонони фаъол бо туҳфа ва Ифтихорномаи раиси вилояти Хатлон қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, директори Маркази технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсияи вилояти Хатлон Акмал Нурализода, сармутахассиси раёсати маорифи вилояти Хатлон Маъруф Абдуллозода, ва чанде дигарон аз соҳаи маориф бо мукофот сарфароз гардонида шуданд.