НИШАСТИ ХАБАРӢ БО ИШТИРОКИ БЕШ АЗ 30 НАФАР НАМОЯНДАИ РАСОНАИ ИТТИЛООТӢ

Дар толори хурди Қасри фарҳанг ва маркази иттилооти шаҳри Бохтар нишасти хабарии сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода бо фарогирии доираи васеи намояндаи расонаҳои хабарӣ баргузор гардид.

Дар рафти нишасти хабарӣ ба беш аз 20 суоли намояндаи хабарӣ посухи муфассал дода шуд.
Дар нишасти хабарӣ талаботи иттилооти замони муосир - истифодаи технологияи асри нав, проектор, принзинтатсия, инфографика, калаж ва китобчаи иттилоотӣ бо маълумоти лозима риоя гардида, ба журналистон маълумоти лозима дастрас карда шуд.
Дар қисмати охир сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода изҳор намуд, ки Раёсати маорифи вилояти Хатлон ҳамеша бо намояндагони расонаҳои хабарӣ ҳамкории зич дорад ва минбаъд низ ҳамкориро беҳтар ба роҳ мемонад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло