- Рӯзи модар -

ДАВЛАТАЛӢ САИД ДАР АЁДАТИ ОМӮЗГОРИ СОБИҚАДОР
Бахшида ба Рӯзи модарон Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар шаҳри Бохтар ба дидорбинии якчанд собиқадорони соҳаҳои гуногун рафтанд. Аз ҷумла, Раиси вилоят Қутбиддинова Мусафо (Муҳаббат)-ро аёдат намуд, ки мавсуф 8 марти соли 1925 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар оилаи деҳқон таваллуд шудааст. Оилаи Қутбиддинова М. пас аз муноқишаҳои сиёсӣ соли 1930 ба шаҳру Душанбе кӯч бастаанд.
Қутбиддинова Муҳабат дар синни 18 солагӣ, соли 1942 ҳангоми Ҷанги Бузурги Ватанӣ, пас аз хатми курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзгорӣ бо роҳхат ба мактаби № 45-и ноҳияи Коммунистӣ (ҳозира Кӯшониён) омада, дар муассисаи таълимие, ки аз ду ҳуҷра иборат буд, фаъолияти омӯзгориашро оғоз намуда, то синни 65 солагӣ дар мактаби мазкур кору фаъолият намуд.
Собиқадори меҳнат, Қутбидинова М. аз ин таваҷҷуҳу самимият болида гардида, миннатдории худро баён кард.


 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло