- Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд дар соҳаи маориф -

НАТИҶАГИРӢ ВА ТАҲЛИЛИ ФАЪОЛИЯТИ ШӮРО
Ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд дар соҳаи маорифи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Дар Шӯрои мазкур сардори раёсати маориф Ғазалшоҳ Сафарзода, раиси Иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи маориф ва илм дар вилоят Муҳиддин Ширинзода, мудирони шуъбаву бахшҳои маориф ва намояндагони шарикони рушд дар вилояти Хатлон иштирок доранд.
Нахуст, Комиссияи ғизои солим ва гигиенаю санитария оид ба фаъолияти корӣ, ҳисоботи Комиссияи рушди таҳсилот ва тарбияи томактабӣ оид ба фаъолияти корӣ дар шаҳру ноҳияҳо шунида шуд.
Сипас, ҳисоботи мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Норак, Шаҳритус, Ёвон Муъминобод оид ба натиҷаи ҳамкориҳо бо шарикони рушд пешниҳод гардид.
Сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон оид ба ҳадафи ташкили Шӯро ва вазифаву ӯҳдадориҳо изҳори ҳанар кард.
Кори аъзоён аз Шӯро то Шӯрои навбатӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, барои моҳи оянда вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло