- РӮЗИ ШУЪБАИ МАОРИФ ДАР МУАССИСАИ ТАЪЛИМӢ -

Дар муассисаҳои таълимии ноҳияи Дӯстӣ “Рӯзи шуъбаи маориф” баргузор гардида, фаъолияти муассисаи таълимӣ назорат карда шуда, ба омӯзгорон кумаки методӣ расонида шуд.
Ёдовар мешавем, ки баргузории Рӯзи шуъбаи маориф дар муассисаҳои таълимӣ бо ташаббуси раёсати маориф пиёда гардида, давоми чанд соли охир идома дорад.
Дар Рӯзи шуъбаи маориф барои батартибдарории ҳуҷҷатгузории муассисавӣ, иҷрои Барномаҳои давлатӣ ва дигар самти фаъолият дар таълиму тарбия мусоидат карда шуда, ба омӯзгорон ёрии методӣ расонида мешавад.
Баргузории Рӯзи шуъбаи маориф дар муассисаи таълимӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳо низ идома дорад.

 

Хабарҳои монанд


Гузоштани Эзоҳ

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив

Тартибдиҳанда ва масъули сомона

  • Раёсати маорифи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон
  • Сомонаҳои расмӣ

    Тамос

  • 8-32-22-2-33-00
  • m.khatlon@mail.ru
  • Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар
  • Маорифи вилояти Хатлон. Ҳамаи ҳуқуқ маҳфуз аст.
    Ба боло